Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамкории донишгоҳу волидон қавитар мегардад

Ҳамкории донишгоҳу волидон қавитар мегардад

Санаи 21-уми октябри соли равон маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ доир гардид, ки дар он намояндагон аз раёсати корҳои тарбиявӣ, кор бо ҷавонон, декани факултет эдвайзерон, мудирони кафедраҳо ва устодон ширкат варзиданд. 
Сараввал декани факултет Қутбиддин Муқимов оиди зарурати ҳамкории донишгоҳу волидон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва назорати волидон аз болои фарзандон маълумот дод. Дар баромади худ декани факултет оиди сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, бо сару либоси расмӣ ба дарсҳо ҳозир шудан, бо мӯи сари баланд ва риши дамида ба донишгоҳ наомадан, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ ва эҳтиром зоҳир намудан нисбати устодони донишгоҳ сухан карда, таъкид дошт, ки мақсади мо устодони донишгоҳ хориҷ кардан ё сарзанишу танқид кардани донишҷӯён набуда, балки таълим додан ва дар роҳи илму маърифат тарбия намудани онҳост. Қайд карда шуд, ки агар донишҷӯён 5 соат дар донишгоҳ бошанд, боқимонда 19 соати дигар дар зери назорати волидон мебошанд. 
Сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода бошад, дар баромадаш қайд кард, ки баъзе воидон барои фарзандон телефонҳои қимматбаҳо мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки фарзандашон китоб дорад ё не. Ба ҷавонон падару модар роҳи зиндагиро меомӯзонад ва дар таълиму тарбияи ӯ масъуланд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ҳамин чизро талаб менамояд. 
Дар охир волидайни донишҷӯён баромад намуда, ба садорати факултет ва аҳли устодон миннатдорӣ баён намуданд. 


Тағоймурод Эшзода