Хабарҳо
Оғози олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 24-уми октябри соли равон даври аввали олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ оғоз гардид. Муовини ректор оид ба таълим, Б.Ҷурахонзода ва муовини ректор оид ба илм Б.Сафаров дар ҳузури довталабон баромад ва ба донишҷӯён барор ва комёбиҳо орзу намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар донишгоҳ аз рӯйи 14 фанни таълими олимпиада баргузор мегардад. Имрӯз дар даври якум, олимпиада аз фанҳои математикаи олӣ, химия ва географияи иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он 220 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ барои беҳтар намудани тайёрии касбии мутахассисони оянда ва омодагӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун равона карда шудааст. Олимпиадаи мазкур барои муайян намудани роҳу усулҳои беҳтари таълим, такмили фаъолияти донишандӯзии донишҷӯён, болоравии сифати тайёр намудани мутахассисон, инкишофи қобилияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст.
Тибқи низомномаи тасдиқгардида олимпиада дар ду давр - даври якум аз 24 то 29-уми октябри соли равон дар сатҳи факултетҳо ва даври дуюм бошад, аз 13 то 18-уми феврали соли 2023 миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳ баргузор мегардад.
Мо ба ҳамаи давталабон барои ғолиб шудан дар олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ барору комёбиҳоро таманно мекунем.
Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия