Хабарҳо
Маҳфили «Табиатшиносони ҷавон»
Тибқи нақшаи кафедраи табиатшиносӣ санаи 19-уми октябри соли равон бо иштироки мутахассиси раёсати илм ва инноватсия М. Неъматулло, раиси маҳфил А.Сулаймонов, устодони кафедра Д.Қосимов, М.Азимова ва Ф.Раҳимов маҳфили «Табиатшиносони ҷавон» баргузор гардид.
Дар мавзуи «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иқтидори захираҳои рекреатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ Нурия Сабзаалиева, донишҷӯи курси дуюми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, бо забони русӣ Олиҳа Рушанзода, донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва бо забони англисӣ Раҷабгул Раҳимова, донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет баромадҳои ҷолиб намуданд.
Онҳо дар баромади худ зикр намуданд, ки имрӯзҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се ноҳияи сайёҳӣ: Суғд, Ҳисор, Бадахшон, Рашт, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва се минтақаи туристии байналмилалӣ: Сарихосор, Дараи Варзоб ва Ромит ҷудо кардаанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди саёҳон аз ин минтақаҳои дилрабо дидан мекунанд.
Дар охири маҳфил миёни маърӯзачиён ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода