Хабарҳо
Баргузории маҳфили «Зеҳн» дар факулта
Тибқи Нақша-чорабиниҳои илмӣ ва Нақшаи зермаҳфили «Зеҳн»-и факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамасола дар факултет бо иштироки мутахассисони варзида ҳар як кафедраи вобасташудаи факултет миёни устодону донишҷӯён маҳфил мегузаронад.
Мақсад аз гузаронидани маҳфилҳои илмӣ миёни устодону донишҷӯён ин муаррифсозии натиҷаҳои нави илмӣ, муҳокимаи проблемаҳои мавҷудаи иқтисодиёту иҷтимоиёт дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, инчунин, бо мақсади дастгирӣ ва рушди заминаи илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва моддӣ –техникӣ мебошад.
Чорабиниҳои илмӣ ҳамеша дар факултет мубодилаи иттилооти илмиро дар бар гирифта, тавассути муҳокимаи илмӣ бо пешниҳодҳои муфид коршиносон онро дар корҳои тадқиқотии худ истифода мебаранд.
Вобаста ба ин, санаи 25-уми октябри соли 2022 тибқи Нақшаи зермаҳфили «Зеҳн»-и факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар мавзуи «Раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тартиби таҳияи Бизнес-плани лоиҳаҳои сармоягузорӣ» маҳфил гузаронида шуд. Ифтитоҳи маҳфили илмиро н.и.и., дотсент, раиси зермаҳфили «Зеҳн»-и факултет Муқимов Қ.М. оғоз намуда, қайд намуданд, ки сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёт ва татбиқи бизнес-плани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт миллӣ дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, гузоштани сармоя барои фоида аст. Яъне, сармоягузор пул ё дигар сармояро ба тиҷорат на танҳо барои баргардонидани сармоя, балки баҳри ба даст овардани фоида сармоягузорӣ мекунад. Агар пардохти қарз ва фоизҳо, новобаста аз даромаднокии лоиҳа, дар муҳлати таъиншуда ҳатмӣ бошад, пас сармоя баргардонида мешавад ва танҳо лоиҳаҳои фоидаовар даромад меорад.
Пас аз баромади раиси маҳфил меҳмони даъватшудаи кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ, коршиноси лоиҳаҳои рушди иқтисодиёти деҳоти назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Орзу Раҷабалӣ дар мавзуи «Раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тартиби таҳиясозии Бизнес-плани лоиҳаҳои сармоягузорӣ» баромад кард. Маъруза мавзуи актуалӣ буда, ҷанбаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тартиби таҳияи Бизнес-плани лоиҳаҳои сармоягузории иқтисодиёти миллиро дар бар мегирифт. Шунида шуд, ки имрӯз кишвар имконияти сармоягузорӣ кардан аз буҷети давлатиро надошта, бо ҷалби лоиҳаҳои сармоягузории мустақим метавонад иқтисодиёти миллиро рушд диҳад. Коршинос қайд намуд, ки лоиҳаҳои имрӯзаи фаъоли назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла, соҳаи агросаноатӣ ва рушди сайёҳии деҳот равона карда шуда, як раванди фаъоли иқтисоди муосир мебошад.
Маҳфили илмӣ бо музокира анҷом ёфта, дар охир устодону донишҷӯён бо коршинос Қурбонзода О.Р. мубодилаи афкор намуданд ва ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Маҳфили илмии мазкур бо як самараи хуб ба анҷом расида, устодону донишҷӯён аз кори он иттилооти бештар гирифтанд. Инчунин, ба коршинос аз тарафи устодон пешниҳодҳои муфид ироа гардид.
Ҳусейн Носирзода муовини декан оид ба илми факултети МИБ