Хабарҳо
Даъват ба ҳушёрии сиёсӣ
Имрӯзҳо суҳбату вохӯриҳои муштараки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе ҷиҳати тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа баргузор гардида истодааст. Чунин вохӯрӣ санаи 25-уми октябри соли равон бо иштироки Искандар Раҳматов, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДДМИТ баргузор гардид. Нахуст Б. Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия вохӯриро ифтитоҳ намуда, дар бораи мубрам будани мавзуъ ва огоҳии донишҷӯёнро аз амалҳои террористию экстремистӣ зарур шуморид.
И.Раҳматов ҳангоми баромадаш ёдовар шуд, ки охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм зуҳуротест, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Аз ин хотир, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем.
Сипас, Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ қайд намуд, ки терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Аз ин рӯ, донишҷӯёнро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар мавриди ин зуҳуроти номатлуб мавқеи устувор дошта бошанд.
Дар фарҷом, саволҳо доир ба мавзуъ аз ҷониби устодон, донишҷӯён пешниҳод гардид ва посухҳо вохӯриро пурратар намуд.
Тағоймурод Эшзода