Хабарҳо
Вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти худшиносии миллӣ
Кирдори номатлубе, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти ҷомеа хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Вобаста ба ин мавзуъ, санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ дар толори таълимии донишгоҳ вохӯрии Алишер Салимзода, муовини сардори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирдавс Аҳмадзода ва Бурҳон Мақсудзода, намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода иброз дошт, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Ин аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин мегардад.
Ректор дар давоми суханаш ҳамкориро бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва кирдорҳои номатлуб муҳим хонд.
Дар идома намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми баромад дар бораи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, иштироки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва давлатдорӣ андешаронӣ намуда, ҷавононро барои ҳифзи ин арзишҳои барои ҳар як нафари ҷомеа арзанда даъват намуданд.
Ҳамчунин, баромадкунандагон дар бораи хатарзо будани пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқилона истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дурӣ ҷустан аз сомонаҳои ғайридавлатӣ, ҳифзи забон ва фарҳанг, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва зӯроварӣ дар оила, тарғиботи ғайриқонунии динӣ бо ҳозирин суҳбат намуда, чандин моддаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад.
Тағоймурод Эшзода