Хабарҳо
Баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии маҷозӣ
Бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» ва кафедраи андоз ва андозбандии ДДМИТ рӯзи 26-уми октябри соли 2022 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Муаммоҳои муосири иқтисодиёт ва менеҷмент», ки дар шаҳри Воронежи Федератсияи Россия аз тарафи Донишгоҳи давлатии Воронеж ба таври маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия устодони донишгоҳ дотсентон: Саъдихуҷа Маъдиев, Ҷумабоев Хуршед, Умар Воҳидов дар мавзуи «Баъзе ҷанбаҳои баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои андозӣ» баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар конференсияи маҷозӣ декани факултети иқтисод ва бизнес Б.Сатторзода, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ С.Шукуров, мудири кафедраи суғурта М.Ҳусейнов муовини декан оид ба илм Ф. Шодиев, муаллими калон А.Бобоқулов, ассистентон: С.Аҳмадов, Қ.Фатҳиддинзода ва А.Саидов иштирок намуданд.
Дар конференсияи байналмилалӣ аз давлатҳои ИДМ ба монанди Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Белорусс намояндагони беш аз 100 донишгоҳу донишкадаҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона иштирок ва бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Тағоймурод Эшзода