Хабарҳо
Нақши менеҷменти инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёт
Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон санаи 29-уми октябри соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси кафедраҳои менеҷмент ва менеҷменти молиявӣ дар ҳамҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди менеҷменти инноватсионӣ ва нақши он дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, қайд намуд, ки мавзуи баррасишавандаи конфронс мубрам буда, дар заминаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти инноватсия роҳандозӣ гардидааст. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷорисозии инноватсия ва рушди он дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул намудааст, ки барои танзими ин самт мусоидат мекунад. Феълан дар кишвари мо инноватсия дар истеҳсолот, технологияҳо ва тиҷорат истифода бурда мешавад, ки самараҳои нек ба бор овардааст, - гуфт ректор.
Сипас, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон», ректори Академияи менеҷмент ва бизнес, д.и.и, профессор Ш. Базаров дар мавзуи «Менеҷменти инноватсионӣ дар соҳаи маориф» баромад кард. Мавсуф таъкид дошт, ки маориф яке аз муҳаррикони инноватсия мебошад, зеро маҳз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ инноватсияҳо кашф ва татбиқ мегарданд. Вале мутаассифона, татбиқи инноватсияҳо дар макотиби олии кишвари мо камтар ба назар мерасад. Профессор дар мисоли Донишгоҳи технологии Техас ва Парки технологии Бангалор дар бораи самараи татбиқи инноватсияҳо дар хориҷи кишвар истода гузашта, роҳҳои истифодаи онҳоро дар донишгоҳҳои кишвари мо нишон дод. Ӯ қайд намуд, ки барои татбиқи инноватсияҳо дар донишгоҳҳо тиҷоратикунонии инноватсияҳо бояд ба роҳ монда, механизми идоракунии инноватсияҳо дуруст истифода бурда шавад. Барои ин, пеш аз ҳама, гурӯҳи ташаббускорон бояд таъсис дода шавад ва онҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ дар донишгоҳ таҳия намоянд ва раванди роҳандозии онҳоро назорат баранд.
Дар идома д.и.и., профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Таваралӣ Ғаниев дар мавзуи «Адолат ва ҳақшиносӣ ҳамчун арзишҳои моделсозиву системасозии стратегии роҳбарӣ дар менеҷменти инноватсионии асри ХХI» маъруза намуда, аз ҷумла қайд кард, ки барои ноил гаштан ба натиҷаи бузурги адолату ҳақшиносии роҳбарӣ ҳар як менеҷерро лозим аст, ки объект, ҳаводис ва ҳолатро ҳамчун системаи ягонаву алоҳидаи адолати роҳбарӣ шиносад, ки он боз ба системаву модели навини электронии роҳбарии менеҷмент пурра пайваст шуда бошад.
Ҳамчунин, мутахассиси пешбари Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон, дотсент Сайалӣ Мирзоев дар мавзуи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ воситаи инноватсионии татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар» баромад кард.
Баромадкунанда гуфт, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар татбиқи дастовардҳои инноватсионии иқтисодӣ ва идоракунии ин равандҳо нақши муҳим доранд. Барои ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати устувории иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафҳои стратегии рушд муайян шудаанд, ки тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар бар мегиранд. Татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварро бе назардошти баланд бардоштани рушди молиявӣ, ки низоми босуръат афзоишёбанда ва рақобатпазири дорои пешниҳоди хизматрасониҳои босифати инноватсионии молиявӣ ва ба таъсири омилҳои дохилию берунӣ устувор мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Сайалӣ Мирзоев бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар ҳалли як қатор вазифаҳои асосиро муҳим донист, ба мисли ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ байни бахши молиявӣ ва мақомоти давлатӣ, инчунин байни таҳвилгарони давлатӣ ва хусусии таълими молиявӣ; омӯзиши эҳтиёҷоти қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва саводнокии молиявӣ, инчунин, таъсири хусусиятҳои фарҳангӣ, тафаккур ва муайян намудани қишрҳои афзалиятнок; таҳияи Стратегияи маърифати молиявӣ ва барномаҳои инфиродӣ барои фарогирии сегментҳои мақсаднок ва ҷорӣ намудани фанни саводнокии молиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва монанди инҳо.
Дар идома гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи вазифаҳои асосии саводнокии молиявӣ нишондиҳандаи умумии саводнокии молиявӣ ҳадди ақал ба андозаи 10 фоиз зиёд гардида, барномаҳои саводнокии молиявӣ ҳадди ақал 500,0 ҳаз. нафар аҳолӣ, аз ҷумла 150,0 ҳаз нафар хонандаро фаро мегиранд. Бояд қайд кард, ки ҳамаи чорабиниҳои дар самти ислоҳоти низоми молиявӣ пешбинигардида барои баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар заминаи устувор гузошта шавад.
Конфронс дар ду бахш - бахши назария, методология ва амалияи менеҷменти инноватсионӣ ва бахши менеҷмент, молия, иқтисодиёти рақамӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ корашро идома дод. Дар он масъалаҳо оид ба нақши сармояи мустақими хориҷӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар, хусусиятҳои менеҷменти инноватсионӣ баррасӣ гардиданд ва дар умум, зиёда аз 120 маъруза шунида шуд. Дар охир аз рӯйи натиҷаҳои конфронс ба мақомоти дахлдор пешниҳодоти илман асоснок карда мешавад.
Машҳура Абдуллоева