Хабарҳо
Маҳфили тарбиявӣ дар хобгоҳ
28 октябри соли равон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳо дар хобгоҳи №2-и ДДМИТ маҳфили тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз: 30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он Ҷ. Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, Ф. Абдуғафорзода, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва У. Ҳамидова, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Ҷ.Халифазода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки кишвари мо бо мардуми саодатманди худ дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои олӣ қарор дорад. Иҷлосияе, ки ба хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта, даричаи бузурги истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро кушод ва ин миллатро аз вартаи нобудӣ бароварда, муттаҳид гардонид. Имрӯз миллати шарафманди мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар роҳи ташаккулдиҳии давлатдории худ устуворона қадам мегузорад.
Қайд карда шуд, ки имрӯз тамоми шароитҳо барои илмомӯзии ҷавонон дар донишгоҳ, алалхусус дар толори хониши хобгоҳ муҳайё гардонида шудааст. Донишҷуёнро мебояд рӯ ба китобу китобхонӣ оварда, дар оянда баҳри муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик накши босазо гузоранд. Чунки китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Зикр карда шуд, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида минбаъд дар хобгоҳҳои донишгоҳ маҳфилҳои илмӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бо иштироки устодону кормандон ва шоирону олимони касбу кори гуногун гузаронида мешаванд.
Тағоймурод Эшзода