Хабарҳо
Дарси сайёҳӣ дар Қалъаи Ҳисор
Санаи 29-уми октябри соли равон гурӯҳи донишҷӯёни курсҳои 2-юми ихтисоси инвеститсияи байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо ҳамроҳи куратори гурӯҳ Носирзода Ҳусейн ҳамчун дарси сайёҳӣ, ки ба соати тарбиявӣ рост омада буд, тасмим гирифтанд, аз ёдгории таърихӣ-фарҳангии шаҳри Ҳисор аз Қалъаи Ҳисор, ки ҳамчун ёдгории таърихӣ – фарҳангӣ шинохта мешавад, дидан карданд. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор буда, он дар шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад. Номи қадимаи ин диёри зебоманзар ҳамон шаҳри Шумом аст, ки дар асрҳои XV-XVII мелодӣ «Ҳисори Шодмон», яъне қалъаи Шодмон, ном мебурданд.
Аҳли гурӯҳ дар рафти сайёҳат бо фарҳанги қадимаи шаҳри Ҳисор шинос шуда, таъриху фарҳанги ин минтақаи меҳмондӯстро омӯхтанд. Алалхусус бештар таваҷҷуҳи асосиро ба либосҳои шоҳона, тоқиву зардӯзиҳои ин водӣ доданд. Баъд аз тамошои макони таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор гурӯҳи донишҷӯён ба Мадрасаи кӯҳнаи шаҳри Ҳисор, ки ба асрҳои XVI-XVII рост меояд, ташриф оварда, дар ин макони таърихӣ-фарҳангӣ бештар ба меҳмоннавозии асрҳои XVI-XVII ва тарзи ҷувозкашӣ, маданияти барпо намудани тӯйи домодию арӯсӣ, зардевориҳои асрҳои XVI-XVII, инчунин, ба либосҳои муҳофизон (ҷавшан)-и ҳамон давра таваҷҷуҳи хос доданд. Ҳамзамон, донишҷӯён ба қароргоҳи беку амирон, уштурхона, аскархона, деворҳои баланди кунгурадори муҳофизатӣ ташриф оварда, бисёр чизҳои таърихиро омӯхтанд.
Ҳангоми тамошо мутасаддиёни Мадрасаи кӯҳнаи шаҳри Ҳисор ба донишҷӯён иттилоъ доданд, ки дар Ҳисори Шодмон аз қадим ҳунармандӣ, косибӣ, тиҷорат, санъати меъморӣ тараққӣ карда, аҳли адабу илм ва ашхоси маъруфи дин умр ба сар мебурданд. Аз ин мавзеъ тангаҳо ва зарфҳои даврони Кӯшониён ёфт шудаанд.
Қайд карда шуд, ки шаҳри Ҳисор таърихи бойи фарҳангӣ дошта, на танҳо барои сайёҳон ва хориҷиён, балки барои донишҷӯён низ бисёр ҷолиб ва диданӣ мебошад ва онҳо аз таърихи маконҳои ҷолиби сайёҳӣ огаҳӣ пайдо менамоянд.
Тағоймурод Эшзода