Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни мо барандагони мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯёни мо барандагони мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-23-юми октябри соли равон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) миёни ҷавонони синни солҳо и 2001-2003 бахшида ба гиромидошти хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Меҳробҷон Одинаев баргузор гардид. 
Бояд ёдовар шуд, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ иштироки фаъолона дошта, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла Пайрав Салимов, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар вазни 55 кг ва Фаридун Миршарифов, донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор дар вазни 71 кг бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда, ҳарду сазовори ҷойи 2-юм гардиданд ва бо Диплом ва туҳфаи хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 
Ногуфта намонад, ки донишҷӯёни ғолиб мунтазам зери роҳбарии Муҳаммад Саидов, ассистенти кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании донишгоҳ тамрин менамоянд. 
Мо Пайрав ва Фаридунро ба ин пирӯзиашон табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш музаффариятҳои навро таманно мекунем. 


Тағоймурод Эшзода