Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташрифи волидон ба донишгоҳ

Ташрифи волидон ба донишгоҳ

Санаи 20-уми соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  дар донишгоҳ бо доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси якум ва дуюми  факултети молия ва қарз ҷаласа баргузор гардид. 
Сардори раёсати тарбия Абдулло Давлатзода  волидони донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба боргоҳи илму маърифат хайра мақдам гуфта.  қайд намуд, ки фарзандонатон дар интихоб намудани ихтисос хато накарда, балки беҳтарин ихтисосҳо ва донишгоҳро интихоб намудаанд. Тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон - донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд гардад. 
Баъдан  Баҳодур Ҷурахонзода, муовини аввали  ректор,  муовин оид ба таълим  дар доираи  масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо  истода гузашта,  барои баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот масъулиятшиносии ҳаматарафа  ва робитаи байни падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро зарур донист. Ў таъкид кард, ки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад ва баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, ба монанди маҷлиси падару модарон саривақтӣ мебошад, гуфт дар охир Б.Ҷурахонзода. 
Пасон декани факулта А.Нурализода  дар баромади худ қайд намуд, ки айни њол дар курсњои якуму дуюми факултет 510 нафар донишҷў ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданро зарур донист. 
-Донишҷӯёнро мебояд ба масъалаҳои фарҳанги либоспӯшӣ,  давомот ва эхтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд. – гуфт декани факултет.
Дар анҷом А. Нурализода  8 нафар волидони донишҷӯёнеро, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонид.


Тағоймурод Эшзода