Хабарҳо
Варзишгари мо ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки донишҷӯёни мо дар баробари таҳсили фаъолона дар таълимгоҳ, инчунин, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, пирӯзӣ ба даст оварда истодаанд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ миёни ҷавонон ва калонсолон, ки санаи 25-31-уми октябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сафармуҳаммад Қурбонов дар вазни 67кг бо бардоштани 80 кг якзарба ва 105кг дузарба (штанга) миёни ҷавонони то синни 20-сола ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардида, пирузиро дар ин мусобиқа ба даст овард ва бо Дипломи дараҷаи 1, медал ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд.
Мо Сафармуҳаммадро ба ин пирӯзиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Ҷовидон Халифазода