Хабарҳо
Воҳид Зоҳидзода - Чемпиони Осиё - 2022
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27 то 30 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе чемпионати Осиё оид ба муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ миёни ҷавонони то 25-сола баргузор гардид, ки дар он 130 варзишгар аз 20 кишвари Осиё ширкат варзиданд.
Хушбахтона, дар ин чорабинии сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистонро донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ Воҳид Зоҳидзода аз рӯи риштаи муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ намояндагӣ намуда, дар ин чорабинии варзишӣ ҷойи 1-умро ишғол намуд.
Бо ин муносибат дар ҷаласаи навбатии шурои олимони донишгоҳ ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.А. В.Зоҳидзодаро бо ин дастоварди бузурги варзишӣ муборакбод намуда, таъкид дошт, ки тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш инсонро саломат нигоҳ медорад ва барои расидан ба ҳадафҳо кумак мекунад. Донишҷӯёни варзишгар дар таълимгоҳ кам нестанд ва бо дастовардҳои худ номи донишгоҳро боло мебаранд, ки мо онҳоро дастгирӣ менамоем, гуфт дар охир ректор.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Зоҳидзода Воҳид яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун чандин маротиба ғолибият ба даст овардааст.
Тағоймурод Эшзода