Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқот баҳри ташаккули маърифати оиладорӣ ва сиёсӣ

Мулоқот баҳри ташаккули маърифати оиладорӣ ва сиёсӣ

Санаи якуми ноябри соли равон бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди Иҷлосияи16-уми Шурои олӣ мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе бо устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Заррина Зуҳурова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Шаҳло Ҳасанзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино ва Гулчеҳра Раҳмонова, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино иштирок ва баромад намуданд. 
Сараввал муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавша Қодирова баромад карда, гуфт, ки кишвари мо бо мардуми саодатманди худ дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ қарор доранд. Иҷлосияи тақдирсоз ва занҷиркушо дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ замина ва дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқ гузошт. Занону бонувон ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар асоси қарорҳои ин иҷлосияи таърихӣ занону духтарон тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ, вазифаи роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. 
Заррина Зуҳурова, Шаҳло Ҳасанзода ва Гулчеҳра Раҳмонова бошанд, дар тақвияти гуфтаҳои боло иброз доштанд, ки дар саршавии зуҳуроти ташвишовари имрӯза масъалаҳои тамоюли болоравии фарҳанги бегона миёни занон ва духтарон, пошхӯрии оилаҳо ва зӯроварии хонаводагӣ, гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи пастшавии меъёрҳои ахлоқӣ ба миён меояд. Чунин муаммоҳо метавонанд устувории ҷомеаро зери суол баранд. 
Ҳамчунин баромадкунандагон дар мавриди интихоби нодурусти ҳамсари оянда, истифодаи бемайлону бемақсади компютеру телефонҳо, дар бораи фарҳанги либоспӯшии духтарон ва риояи он аз тарафи донишҷӯдухтарон, эҳтироми калонсолон, ҳушёрии сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳояшонро баён намуданд Баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ барои донишҷӯён бисёр муфид буда, барои ташаккули маърифати оиладорӣ ва омодашавӣ барои ҳаёти мустақилона, тақвияти ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, ҳисси баланди меҳнатдӯстию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз фарҳанги бегонапарастӣ мусоидат менамояд. 


Тағоймурод Эшзода