Хабарҳо
Иҷлосияи таърихие, ки ба сохтори конститутсионӣ асос гузошт
“Истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 3 рукни асосии давлатдории Тоҷикистон мебошанд”, - гуфта шуд зимни чорабинии илмӣ-назариявӣ, ки рӯзи 3-юми октябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии мамлакат ва ҳамзамон, муаррифии китоби дарсии “Ҳуқуқи андоз” баргузор гардид.
Дар он Р. Шомуродзода - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, А. Ғафурзода - д.и.ҳ., профессор, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш. Исмоилов - д.и.ҳ., профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ, Ш. Ғаюров - д.и.ҳ., профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷ. Муртазозода - д.и.ҳ., профессор, Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Золотухин - д.и.ҳ., профессор, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон ва Ҷ. Бобоев – н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, ректори ДДМИТ Ҳ. Абдуалимзода иброз дошт, ки агар ба таърихи начандон дури кишварамон назар андозем, маълум мегардад, ки дар рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ва пайдо гардидани давлати навин дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ба мушкилоти сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар ин айём ягона мақсад ин роҳ надодан ба парокандагӣ ва муттаҳид намудани мардуми кишвар буд. Рисолати аслии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли буҳрон ва хотима додан ба хунрезиҳо ба ҳисоб мерафт.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят ҳассос дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, воқеан иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад. Зеро дар он тақдири як миллати соҳибтамаддун баррасӣ мегардид. Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлоли давлатиро қавӣ гардонем.
Маҳз бо шарофати ин иҷлосияи таърихӣ сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартибот ҷорӣ шуда, имкон фароҳам оварда шуд, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз гардад.
Ректор дар идома афзуд, ки 6-уми ноябр аз ҷумла санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз барои мардуми кишвар мебошад, зеро дар ин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва имрӯз ҳамчун қутбнамои зиндагии мардум баромад менамояд.
Қонуни асосии кишвар, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу ҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати куҳанбунёдамон, яъне бунёди давлати муосир, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар охири баромади хеш Ҳ. Абдуалимзода андешаҳояшро дар бораи китоби дарсии “Ҳуқуқи андоз” иброз дошт.
Гуфта шуд, ки китоби мазкур моҳият ва аҳамияти баланди таърихию ҳуқуқӣ дошта, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар метавонанд аз ин ганҷина самаранок истифода баранд ва донишҳои назариявии худро такмил диҳанд.
Сипас, Р. Шомуродзода - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар баёни маърузаи худ таъкид намуд, ки дар оғози раванди Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ қувваҳои гуногун хуруҷ намуда буданд, ки ҳар як ҷунбиш манфиатҳои худро пайгирӣ мекарданд. Аз ин рӯ, дар он замон баргузории Иҷлосия дар шаҳри Душанбе ғайриимкон буд.
Ба андешаи Р. Шомуродзода, дар он солҳо касе фикр намекард, ки баргузории ин иҷлосия тақдирсоз мешавад ё не? Лекин интихоби Роҳбари давлат, пешниҳоди қонунҳо, аз ҷумла дар бораи баргардонидани гурезаҳо ва авфи умум, ки бевосита ба раванди демократӣ оварда расонид, инчунин масъалагузориҳои Раиси Шурои Олӣ дар бораи ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ин иҷлосияро тақдирсоз намуд.
Раиси навтаъини Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳру муҳаббати беандоза фикру ақидаи худро баён намуд, ки ба дили на танҳо иштирокчиён, балки ба қалби ноумеди мардуми тоҷик умеди тоза бахшид. Он замон халқ ҷонибдори қабули Конститутсияи нав буд.
- Вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳороти сиёсии худро дар ин иҷлосия ироа намуданд, пешниҳод карданд, ки қабули Конститутсияи нав тариқи муҳокимаи умумихалқӣ ба роҳ монда шуда, фаъолияти худро ба рушди давлат равона ва ба ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд асос гузоранд, - афзуд баромадкунанда.
Дар идома муаррифии умумии китоби дарсӣ аз ҷониби муаллифон сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки тағйироти ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодии дар мамлакат баамаломада афзоиши таваҷҷуҳи мардумро ба муносибатҳои ҳуқуқи андоз ҳавасманд мегардонад. Дар Тоҷикистон ташаккул ёфтани муносибатҳои соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, коҳиш ёфтани бахши давлатӣ, ташаккули принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳифзи ҳуқуқи инсон - ин ҳама аз танзими андоз чунин роҳу равишеро талаб мекунад, ки на танҳо бо эҳтиёҷоти давлат ва буҷет, зарурати дастгирии бахши хусусӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ, балки бо қонунҳои иқтисоди бозорӣ, ки ба мубориза барои арзи вуҷуди субъектҳои хоҷагидор дар шароити рақобати дохилӣ ва минтақавӣ асос шудааст, низ равона карда мешаванд.
Омӯзиши фанни «Ҳуқуқи андоз» дар мактабҳои олӣ зарурати азхудкунии на танҳо санадҳои муҳимтарини қонунгузории андоз, балки асосҳои назариявии ҳуқуқи андозро ҳамчун фанни мустақил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ дар назар дорад.
Дар робита ба ин, вазифаи китоби дарсии “Ҳуқуқи андоз” - ин дарҷи низомноки муҳити ҳуқуқиест, ки аз он ҳуқуқи андоз ҳамчун соҳаи ҳуқуқи миллӣ инкишоф меёбад.
Ҳамин тавр, чорабинии илмӣ-назариявии мазкур бо саволу ҷавоб ва музокираи аҳли нишаст ва олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқшиносӣ анҷом ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ доир гардид.
Наврӯз Ҷобиров