Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ

Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ

Санаи 4-уми ноябри соли равон бо ибтикори факултети молия ва қарзи ДДМИТ бо иштироки сардори Раёсати сармоягузориҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Бобоев дар мавзуи «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030» зермаҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар он садорати факултету кафедраҳо ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбута фаъолона иштирок намуданд. 
Сардори Раёсати сармоягузориҳои давлатии Вазорати молия Б. Бобоев бо истифода аз слайд оид ба муҳтаво ва нақши стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, муносибатҳои молиявию буҷетӣ ва мустаҳкам гардидани тартиботу уҳдадорӣ ва вазифаю мақсадҳои ниҳоии ташкилоту ниҳодҳои давлатию хусусӣ маълумоти мухтасар дод. 
Маърӯзачӣ иброз намуд, ки омилҳои дохилию беруние, ки ба ҳолати буҷети давлат таъсир гузоштанд, ин тағйирёбии вазъи бозори ҷаҳонӣ, талабот ва таклифот, сармоягузории хориҷӣ, даромадҳои аҳолӣ ва ислоҳоти буҷетию андозӣ ба ҳисоб мераванд. 
Дар рафти зермаҳфил тамоми самтҳои молияи давлатӣ, даромадҳои андозию ғайриандозӣ, қарзи давлатӣ ва сармоягузорию фондҳои мақсадноки давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар музокира Х. Давлатов, А. Сафаров, А. Хоҷахонов ва Ш. Намозализода иштирок карданд. 
Дар ҷамъбасти маҳфил маърузачӣ ба саволҳои устодону донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш дод. 


Ҷ. Зубайдов, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ