Хабарҳо
Оғози фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе
Санаи 2-юми ноябри соли равон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХV1-уми Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ сеюмин “Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!”, ки аз 28 октябр то 14 ноябри соли 2022 соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, оғоз гардид. Оғози фестивали мазкур дар МД Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастовардҳои варзишии худ фаъолона иштирок намуданд.
Фестивал миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе аз рeи 7 намуди бозиҳои миллӣ-варзишӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Сараввал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин аз намоиши дастовардҳои варзишии муассисаҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе дидан карданд. Дар раванди дидан аз намоиши дастовардҳои варзишии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи тадорукот баҳои баланд дода шуд.
Зимни суханронии намояндагон дар маросими ифтитоҳии “Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” иброз гардид, ки имрӯзҳо шароити хуби варзишӣ барои наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе майдончаҳои зиёди варзишӣ ва маҷмааҳои калони варзишӣ бо муосиртарин шароит сохта ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, парчамбардори Ватану миллати хеш бошанд.
Дар идома барномаи театрикунонидашудаи варзишӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Бино ба маълумоти масъулин, санаи 14 ноябри соли 2022 дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе ҷамъбасти Фестивали мазкур ба нақша гирифта шуда, дар ҳар як намуди варзиш ғолибон бо медалу диплом, тӯҳфа ва ҷомҳо, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода гардидаанд, сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Ҳамин аст, ки варзишгарони тоҷик бо истифода аз имконот барои баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон дар талошанд ва ин талошҳо самараи хуб ба бор овардааст.
Ҷовидон Халифазода