Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конститутсия - шоҳсутун ва шиносномаи миллат

Конститутсия - шоҳсутун ва шиносномаи миллат

Санаи 5-уми ноябри соли равон бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. 
Декани факултет София Темурбекова зимни суханронӣ зикр намуд, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи миллат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллат мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагӣ, ки мақсади ниҳоии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоист, мусоидат менамояд. 
Дар идома Абдулло Давлатзада, сардори раёсати тарбия ва Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илми ин факултет дар суханрониҳояшон қайд намуданд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият, барои рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, идора ва пойдории давлатдорӣ санаде бояд мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Ҳамин тавр, якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад. 
Дар охир донишҷӯён дар васфи Конститутсия шеърҳо ва манзумаҳо қироат намуданд. Аз тарафи садорати факултет ба чандин нафар устодон ва донишҷӯёни фаъол Ифтихорномаҳо тақдим гардид. 


Тағоймурод Эшзод