Хабарҳо
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст
Иштирок кардан ва ғолибиятро ба даст овардани донишҷӯёни мо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромада, як василаи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани мақоми донишгоҳ дар байни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ гардидааст.
Донишҷӯи курси дувуми факултаи ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Баҳодур Ҷӯраев дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар вазни 60 килограмм, ки дар доираи Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» санаи 30-уми октябр дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии пойтахт баргузор гардид, баромад намуда, сазовори ҷои савум гардид.
Аз тарафи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ш. Раҳимзода ба Баҳодур Ҷӯраев Диплом ва медали мусобиқа супорида шуд.
Ғолибият муборак бод, варзишгарони чобук!
Тағоймурод Эшзода