Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар байни 62 китобхона дар ҷои дувум

Дар байни 62 китобхона дар ҷои дувум

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Китобхонаи илмии ДДМИТ дар байни 62 китобхонаи ҷумҳурӣ дар озмуни китобхонаи беҳтарин сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин аст. 
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштан ва тақвият бахшидани кору фаъолият ва ҳавасманд гардонидани кормандони касбу кори гуногун оид ба баргузор намудани озмунҳои соҳавӣ аз рӯи се номинатсия 
Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдори сол, китобхонаи сол ва китобхонаи шахсии сол дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2022» баргузор гардид. Озмун рӯзи 4-уми ноябри соли равон дар толори Китобхонаи давлатии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» дар ин озмун Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуда, аз байни 62 китобхона сазовори ҷои дувум гардид. Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Директори Китобхонаи илмии донишгоҳ Абдулқаюм Юнусов ҷоиза ва Дипломро ботантана супорид. 
Бояд қайд кард, ки имрӯз дар Китобхонаи илмии донишгоҳ 2 нафар китобдори калон, 3 китобдор, 1 китобшинос ва 1 нафар сармутахассиси китобхонаи электронӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Айни ҳол Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои толори хониши барҳаво буда, барои 200 нафар ҷойи нишаст дорад ва фонди умумии китобҳо 113 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 870 ҳазор китобҳои электронӣ дар хизмати ташнагони илму маърифат қарор доранд. 
Мо бо ин музаффарият аҳли китобхонаи илмиро муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳои навинро таманно дорем. 


Тағоймурод Эшзода