Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Президенти ман - ифтихори ман

Президенти ман - ифтихори ман

Санаи 11-уми ноябри соли 2022 бо ибтикори садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти ман - ифтихори ман» баргузор гардид, ки дар он шоира Меҳринисо, З. Раҷабзода, директори КВД «Ориёно»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Г.Маҳкамбой, ҷонишини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва шумораи зиёди устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд. 
Дар оғоз шоира Меҳринисо ба китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф оварда, бо ҳайати кормандон ва ҳаводорони ашъораш – донишҷӯён, суҳбати хосса анҷом дод. 
Баъдан, дар толори конфронсӣ А.Давлатзода сухани ифтитоҳӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Баробари Истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳанд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. 
Дар давоми ҷамъомад З.Раҷабзода ва Г.Маҳкамбой сухани шодбошӣ намуда, қайд намуданд, ки Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд. 
Дар давоми ин гуфтаҳо шоира Меҳринисо сухан карда, иброз доштанд, ки дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд. Ҳамчунин, дар идомаи суханронии худ муаллимаи азиз дар васфи Президент ва кишвари маҳбубамон Тоҷикистон аз эҷодиёти худ шеъру ғазалҳо қироат намуда, китоби «Оҳанги зиндагӣ»-и хешро, ки ашъори мунтахаби шоирро дар бар мегирад, ба китобхонаи илмии донишгоҳ тақдим намуд. 
Дар ин миён Д. Хоҷазода, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва Ҷумъа Махшул, устоди кафедраи забони русӣ нутқ эрод намуда, иброз доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳадро яке вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар муайян карданд. Барои иҷрои ин мақсадҳо тадбирҳоеро андешиданд, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, барҳақ, меъмори сулҳу истиқлоли давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои бешумори Пешвои миллат тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Аз рӯзи аввал ҳамчун Сардори давлат қавл доданд, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳанд, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунанд. Президенти мо ба қавлашон вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардониданд, бо кӯшишу заҳмати зиёд санаи 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонданд ва ба ҷанги бемаънии бародаркушӣ дар кишвар хотима гузоштанд. 
Дар ин ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ шоира Меҳринисо ва Г.Маҳкамбой ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. 
Дар анҷоми ҳамоиш дар ҳузури меҳмонон ба чанд нафар аз устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои саҳми арзанда гузоштан ва мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати босамари ҷавонон, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, тарбиявию фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ин санаи таърихӣ Сипосномаи раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳолати тантанавӣ супурда шуд. 
Ширкаткунандагон аз ин ҳамоиш ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд. 


Тағоймурод Эшзода