Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории ҳамоиши ихтиёриён

Баргузории ҳамоиши ихтиёриён

Санаи 10 ноябр дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ДДМИТ ҳамоиши ихтиёриён (волонтёрон) баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти унвони "Президенти ман - ифтихори ман" сурат гирифта, дар он ҷавонони касбу кори гуногуни ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд. 
Дар ҳамоиши мазкур Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Амирҷон Иброҳимзода, сардори раёсати ҷавонон, Толиб Шокирзода, муовини сардори раёсати варзиши кумита, Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ, Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон оид ба дастовард ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар таъкидҳои муфид намуданд. 
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Ватан ва мардуми азияткашидаи моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода, Ватанамонро обод, истиқлоламон пойдор, ваҳдатамон комил ва давлатамонро мустаҳкам гардонанд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ва давлати Тоҷикистонро соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуданд. 
Дар фарҷом якчанд ҷавонони фаъолу ташаббускор ва донишҷӯёну омӯзгорон бо Сипосномаҳои кумита қадршиносӣ гардиданд.