Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён-омили баландшавии сатҳу сифати таълиму тарбия

Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён-омили баландшавии сатҳу сифати таълиму тарбия

Санаи 12-уми ноябри соли дар толори таълимии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он Б.Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Б.Сатторзода, декани факултет, кормандони раёсати корҳои тарбиявӣ, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок доштанд. 
Вохуриро Б.Сатторзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон - донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд мегардад. 
Баъдан Б.Ҷурахонзода баромад намуда, вобаста ба шароитҳои мавҷуда дар донишгоҳ, инчунин интихоби дурусти касби худ дар шароити ҷаҳонишавӣ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқи фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо, вазифаи омӯзгорон ва падару модарон ва чиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори ақида намуд.
 - Баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро пурзӯр намояд, чунки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад,- гуфт зимни баромади худ Давлатзода А.Д. 
Дар анҷом аз ҷониби садорати факултет 15 нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 


Тағоймурод Эшзода