Хабарҳо
30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат
Санаи 14-уми ноябр бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҳайати профессорону устодони донишгоҳ баргузор гардид. Кори конференсияро муовини ректори ДДМИТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров оғоз намуда, иброз дошт, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи тақдирсоз буда, дар ташаккули Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозидааст. Бузургтарин ҳодисаи ин иҷлосияи тақдирсоз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат буд, ки ба сулҳи тоҷикон асос гузошт. Маҳз интихоби ин шахсияти бузурги таърихӣ дар он шароити ҳассос умеде ба ояндаи дурахшон гардид.
Сипас мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Юсуф Ғаффорзода баромад намуда, қайд кард, ки дар таърихи ҳар халқу миллат шахсятҳои бузурге ҳастанд, ки дар тақдири ин миллат нақши бузург доранд ва номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад. Бешак дар таърихи тоҷикон ин шахсият Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо корномаҳои худ абадан номи худро дар таърихи инсоният сабт кардааст. Дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои расидан барои сулҳи сартосарӣ дар Тоҷикистон асос гузошт. Санадҳову ҳуҷҷатҳои муҳимтарин барои расидан ба ваҳдати миллӣ маҳз дар ҳамин иҷлосия бо ташаббуси Пешвои миллат қабул шуданд.
Баъдан доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ниёз Мирзоев бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, оиди вазъияти мураккаби солҳои навадум, даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, корномаҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ маълумот дод. Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон Далер Алиев дар баромади худ оиди мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат, сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ҷавонон ва ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Пешвои миллат, пайравии ҷавонон ба Пешвои миллат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат маълумот дод.
Абдулло Давлатзода, сардори Раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории миллӣ. Аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ то 30 солагии Иҷлосия» қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳони мураккаб маҳз кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат имкон дод, ки давлатдории миллии тоҷикон барқарор карда шавад. Қайд карда шуд, ки кашфиёти бузургтарини Иҷлосияи 16-ум ин интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат буд. Номбурда сабаби асосии муваффақ шудани Эмомалӣ Раҳмонро дар он мебинад, ки ӯ аз миёни халқ барои ҳифзи манфиатҳои халқ баромада буд. Маҳз ӯ тавонист тамоми нерӯҳоро муттаҳид кунад ва ба сарзамини Тоҷикистон сулҳ оварад.
Дар музокира дигар иштирокчиён низ фикру андешаҳои худро иброз доштанд ва бо ҳамин кори конференсия ба анҷом расид.