Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сулҳпарвар ва наҷотдиҳандаи миллати тоҷик

Сулҳпарвар ва наҷотдиҳандаи миллати тоҷик

Санаи 12-уми ноябри соли равон бо ибтикори садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат - сулҳпарвар ва наҷотдиҳандаи халқи тоҷик» доир гардид. 
Қутбиддин Муқимов ҳозиринро ба Рӯзи Президент табрик намуда, оид ба корҳои шоистаи Пешво баҳри халқи тоҷик ва Тоҷикистони азиз сухан намуд. Маҳз ҳамин далерию шуҷоат ва хислатҳои ватанпарваронаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ҷанги бародаркушу хонумонсӯз ба тезӣ хотима ёфт ва тавонист, ки Тоҷикистонро дар муҳлати кӯтоҳтарин дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. 
Устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ Олимҷон Шомуддинов ва сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар баромадашон ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ ва эҳтироми хизматҳои Пешвои миллат ва ватандӯстӣ даъват намуданд. 
Дар хотима байни баромадкунандагон ва донишҷӯён музокира сурат гирифт. 


Тағоймурод Эшзода