Хабарҳо
Ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи Президент
Санаи 12-уми ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ дар мавзуи “30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиш декани факултет С.Темурбекова, сардори раёсати тарбия А.Давлатзода, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим А.Муллоҷонов ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
С.Темурбекова чорабиниро кушода, ҳозиринро бо ин санаҳои муҳим табрик намуда, қайд кард, ки дар соҳаи маориф ва илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардидани кишвар, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дастовардҳои беназири мо дар даврони роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
А.Муллоҷонов дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз ва қабули қонуну санадҳо дар он баромад намуда, гуфт, ки хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд. Шахсе сарвари давлат шуд, ки бо самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи миллию ватанпарастӣ тавонистанд халқу давлатро аз гирдоби бало наҷот диҳанд. Нахустин изҳорот ва аввалин баёнияҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи неки халқи кишвар башорат медоданд.
Қабули матни Суруди миллӣ, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишон ва Парчами миллӣ дар ин иҷлосия баён доштанд. Дар давоми 30 соли пас аз иҷлосия ва корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои оҳан ва нақлиёт, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар сухан намуданд.
А.Давлатзода бошад, оид ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи Президент андешаронӣ намуд.
Чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ бо саволу ҷавоб ва музокираронӣ анҷом гардид.
Шарифхон Гурезов, эдвайзери тарбияи факултет