Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлатдории миллӣ

Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлатдории миллӣ

Таҳти чунин унвон бахшида ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи ХV1-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмию сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода иштирок намуд. 
Чорабиниро бо сухани шодбошӣ ректори таълимгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳаммияти таърихии Иҷлосияи ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истода гузашт ва иброз дошт, ки ҳарчанд дар бораи ин иҷлосия олимону коршиносон ва шахсиятҳои гуногун китобу мақолаҳои бешумор навиштаанд ва менависанд, аммо ин падида дар таърихи тамаддун ва давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири миллати куҳанбунёди мо нақши тақдирсоз гузошт ва дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд. 
-Ҷонибдории халқи кишвар аз сиёсати роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати мардум ба ин фарзанди фарзонаи миллат маънидод мегардад. Зеро роҳбари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон ба дили мардум умед бахшид ва, дар ҳақиқат, он оғози давлатдории навин буд. Гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шурои Олӣ аҳаммияти якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд, - гуфт ректор ва нақши ин иҷлосияро дар таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон, истиқлоли воқеӣ, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ, амалигардии ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард. 
Ҳ. Абдуалимзода дар бораи маҳорату истеъдоди роҳбарӣ ва шахсияти баланди Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, аз корномаҳои Сарвари давлати тоҷикон, ки равандҳои марказгурезию минтақагароиро барҳам заданд ва давлатро аз фаноёбӣ наҷот бахшиданд, ёдовар шуд. Ин корномаи Пешвои миллатро ба фаъолияти президентҳо, ба мисли Авраам Линколн, Отатурк ва дигарон қиёс карда, ҳамсони онҳо донист. 
Сипас Зарина Файзуллозода баромад карда, ҳозиринро бо ин ду ҷашни бузург муборакбод намуда, дар бораи муҳиммияти Иҷлосияи ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён дошт. Мавсуф қайд намуд, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва баҳсҳои тӯлонӣ иҷлосия тавонист, ки қарорҳои тақдирсоз ва муҳимми таърихиро қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои иҷтимоию сиёсии кишвар ба шумор меравад. Бешубҳа, Иҷлосияи ХV1-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи комилан нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ин иҷлосия бақои давлатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯйи кор овард. Аз ин рӯ, ин иҷлосия ҳамчун таҳкурсии асосии давлатдории Тоҷикистон дар дохилу хориҷи мамлакат эътироф гардид. 
Дар идома З.Файзуллозода аз корномаи Пешвои миллат ёдовар шуда, дар гирди Сарвари давлат муттаҳид гардидани аҳли ҷомеаро барои таҳкими давлат ва пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ зарур шуморид. 
Сипас Асадулло Муллоҷонов дар мавзуи «Хотираи таърихӣ ва нақши Иҷлосияи ХV1 Шурои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» баромад намуда, иброз дошт, ки барои насли ҷавон Иҷлосияи ХV1 Шурои Олӣ ба ҳукми таърих даромадааст ва ёд намудани он нишоне аз худшиносии миллӣ буда, барои таҳкими хотираи таърихӣ заминагузор аст. Ӯ аҳаммияти таърихӣ ва калидии ин иҷлосияро дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва оғози давраи нави давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуд. Муллоҷонов А. ҳамчун таърихнигор аз моҳият ва муҳтавои асари безаволи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» сухан гуфта, ба донишҷӯён тавсия дод, ки онро мутолиа намуда, аз зиндагиномаи ниёгони бузурги худ бархӯрдор бошанд. 
Дар музокира Абдулло Давлатзода баромад намуда, ин ду ҷашни таърихиро барои аҳли нишаст муборакбод ва ҷашнгирии онҳоро нишонаи арзи эътиқоду эҳтироми мардум ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард. 
Чорабинӣ дар фазои тантанаи ватандӯстӣ ва эҳсоси худшиносии миллӣ ҳусни анҷом пазируфт. 


Машҳура Абдуллоева