Хабарҳо
Шаҳло ғолиби озмуни даври шаҳрӣ
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки устодону донишҷӯёни ДДМИТ боз аз дониши мукаммал, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии васеи худ дарак доданд. Санаи 9-уми ноябри соли равон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назму наср Шаҳло Пиримова, донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойи сеюм ва дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардид. Албатта, ин ғолибияту маҳбубият бе заҳмат ба даст наомадааст, зеро барои ба ин муваффақият ноил гаштан, дастгириву роҳнамоӣ ва маслиҳату машваратҳои пайваставу холисонаи шоири некандешу нексиришт ва устоди сахтгиру меҳрубон Ҷумъа Махшул кам нест, зеро устод доимо дар лаҳзаҳои фориғ аз машғулиятҳои хеш дар китобхонаи донишгоҳ ҳамроҳи Шаҳло дар ҷодаи эҷоду навиштани шеъру ҳикояву драмма роҳнамои хубу беминнат буд ва ба Шаҳло тамоми нозукиҳои ин пешаи заҳматталаб, яъне ҳикоянависиву банду басти шеър ва драмманависиро меомӯзонад. Бинобар ин, ҳама умед бар он дорем, ки ин донишҷӯи мо зинаҳои ниҳоиро низ бо ғолибият паси сар намуда, номи донишгоҳро баланд хоҳад бардошт.
Бояд қайд кард, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Евгения Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия