Хабарҳо
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамаи Шуморо бо 30-солагии Иҷлосияи ХV1-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.
Албатта, таърихи муосири Тоҷикистон саҳифаҳои ҷадиди дурахшону ояндадоре дорад, ки бо гузашти вақт моҳият ва манзалати онҳо барои пешрафти ҷомеаи мо пурарзиш мегарданд. Саҳифаҳои муосири давлатдории навини миллии мо аз ду санаи муҳим — Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз мешаванд, ки моҳият ва арзиши бузурги сиёсӣ дошта, миллати моро сарҷамъ карда, ба ин рӯзҳои неку созанда расониданд.
Ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷумҳурӣ ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихию тақдирсоз маншаъ мегирад. Ин Иҷлосия ба халқи тоҷик Сарвари содиқу арзандаро эҳдо намуд, ки аз он бояд шукрона кунем. Зеро тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо номи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастаанд. Ҳамин аст, ки меҳнати фидокорона, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллии Президенти мо сабаби ба дараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сарфароз гардидани ин шахсияти таърихии сатҳи ҷаҳонӣ гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар гирди Пешвои муаззами худ сарҷамъ гардида, пайи фаъолияти содиқона ва ободии диёри хеш бошем, дар рушди иқтисодӣ саҳм гузорем.
30-солагии Иҷлосияи ХV1-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим