Хабарҳо
ДДМИТ ғолиби фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе
15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибон ва ҷоизасупории 3-юмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардида, ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадршиносӣ шуданд.
Дар маросими ҷоизасупории Фестивал муовини раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собиров, сардорони сарраёсату раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Бояд қайд кард, ки бо таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллию таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 октябр то 14 ноябри соли ҷорӣ 3-юмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” миёни муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт баргузор гардид.
Соли сеюм аст, ки фестивали мазкур доир мегардад, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву ватанпарастии ҷавонон, ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо тавассути варзиш, мусоидат дар рушди варзиш, таъмини оммавият, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, ҳавасмандии насли ҷавон нисбат ба дастгириҳои давлатӣ дар бахши варзиш ва пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ миёни насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Дар давоми 18 рӯзи баргузории фестивал аз рӯйи 7 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, дар умум, 2324 нафар барои иштирок дар кори он сабти ном карда, дар натиҷа 237 нафар ғолиб дониста шуда, дар макони баргузории чорабиниҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳама намуди мусобиқаҳои варзишӣ варзишгарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар намуди гӯштини миллӣ дар вазнҳои гуногун 4 нафар донишҷӯи донишгоҳ бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд (1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм).
Боиси хушнудист, ки аз намуди гӯштини миллӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди пойтахт сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо Диплом ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини иштироки фаъолонаи дастаи варзишгарон дар фестивали мазкур бо Сипосномаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардид.
Дар охири чорабинӣ баҳри болидахотирии аҳли нишаст барномаи фарҳангӣ-фароғатии саршор аз суруду таронаҳои ҷанбаи меҳандӯстидошта манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Дастоварди навбатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба кулли устодону донишҷӯён муборак бошад!
Ҷовидон Халифазода