Хабарҳо
Пешвои миллат-ифтихори мо, ҷавонон!
16-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбияви донишгоҳ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Пайравони Пешвои миллат» бо як рӯҳияи болида дар донишгоҳ аксияи таблиғотӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат - ифтихори мо, ҷавонон!» гузаронида шуд.
Мақсади асосии гузаронидани аксияи таблиғотӣ, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ва ин рӯзи таърихиву сарнавиштсози миллат мебошад.
Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин нишонаи эътимоду муҳаббати мардум ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.