Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боз як ғалабаи донишҷӯ

Боз як ғалабаи донишҷӯ

Донишҷӯи ДДМИТ имрӯз боз аз як ғалабаи варзишии худ дарак дод. Ин Муҳаммадризо Ализода, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-25010202 факултети молия ва қарз аст, ки дар мусобиқаи кушод оид ба К-1(ММА) байни наврасон ва ҷавонон иштирок намуда, сазовори ҷои дувум шуда, бо медал ва сипоснома сарфароз гардид. Ин мусобиқа дар толори варзишии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардидааст. 
- Ман аз хурдӣ ба варзиш машғулам ва то ҳол ҳарчанд донишҷӯ бошам ҳам, онро идома дода истодаам. Дар мусобиқае, ки дар доираи Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор гардид, ман аз намуди варзиши гӯштини миллӣ дар вазни 70 кг ҷои намунавиро ишғол намудам. 
Мо Муҳаммадризо Ализода ва мураббияшро бо ин ғолибияташон табрик намуда, ба пирӯзиҳои ояндаашон дар соҳаи варзиш умедворем. 


Тағоймурод Эшзода