Хабарҳо
Ҷавонон, истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ
Дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2022 санаи 15.11.2022 бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар факултетҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷалби донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Раҳимзода Умед-муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Давлатзода Абдулло - сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ, деканони факултетҳо, кормандони раёсати корҳои тарбиявӣ ва эдвайзерон оид ба тарбияи факултетҳо иштирок намуда, вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои ҷавонпарвару муаззами миллат баҳри ҷавонон, саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Вохӯриҳо минбаъд низ дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи болозикр мунтазам баргузор хоҳанд гардид.