Хабарҳо
Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент
Санаи 16 ноябри соли равон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи бахши ҷавонони ҲХДТ баргузор гардид. Декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ Ғ.Ғафуров чорабиниро оғоз намуда, иброз дошт, ки 16 ноябр дар кишварамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.
Баъдан Ш. Фозилзода,- сардори шуъбаи ҷавонони ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе дар мавзуи “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” суханронӣ намуда, қайд кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани ин рӯз бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Сипас Э.Сафаров, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониаш чунин қайд кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон бо як шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад.
Баъдан А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар ташакккули давлатдории миллӣ. Аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ то 30-солагии Иҷлосия” суханронӣ намуда, гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми мушкилотро ба дӯши худ гирифтанд. Нагузоштанд, ки хоки муқаддаси тоҷикон ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ равад. Дар роҳи эҷоди ваҳдат ва бунёди сулҳу субот тамоми мардуми кишвар, ҳатто бадхоҳону душманони миллатро ба сулҳу салоҳ ва сари мизи таҳаммул ва андешаву орият даъват намуданд.
В.Неъматзода, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзуи «Асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон» баромад намуда, мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллатро дар ҷодаи тарбияи ҷавонон махсус қайд намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш дар ҳузури меҳмонон ба чанд нафар донишҷӯи факултети ҳисобдорӣ ва омор барои саҳми арзанда гузоштан ва мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати босамари ҷавонон, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, тарбиявию фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ин санаи таърихӣ Сипосномаи раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳолати тантанавӣ супурда шуд.
М. Амиров муовини декан оид ба илми факултети ҳисобдорӣ ва омор