Хабарҳо
Дарси кушод бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсоз
Бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дарси кушод баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад Б.Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, Ф.Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, А.Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ва Ҷ.Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан рӯйдоди муҳими таърихию сиёсӣ дар кишвар дониста мешавад. Рисолати аслии иҷлосия маҳз ҳалли буҳрон ва хотима додан ба хунрезиҳо буд. Ҳамчунин дар Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар санадҳои муҳим низомнома оид ба рамзҳои давлатӣ - Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ тасдиқ карда шуда, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд онҳо дар ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Нотиқон дар анҷоми сухан аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, фаъол, ташаббускор, забондон ва донишманд бошанд.
Дар охири дарси кушод музокира сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода