Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Идомаи мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Идомаи мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Санаи 17-уми ноябри соли 2022 дар толори таълимӣ бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар факултетҳои молия ва қарз, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ҳисобдорӣ ва омор, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқот доир гардид. 
Дар ибтидо меҳмонон аз китобхонаи илмии донишгоҳ боздид намуда, бо вазъи мавҷудаи китобхона дар муқоиса ба дигар китобхонаҳои макотиби олии ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд. 
Бояд гуфт, ки дар мулоқоти навбатӣ Фаридун Ҳусейнзода, роҳбари дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Сулаймонов Комрон, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Нурзода Маҳмадназар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино иштирок доштанд. 
Масъулин вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар, махсусан, Пешвои ҷавонпарвару муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷавонон, саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2022 бо ҷалби зиёди устодону донишҷӯёни МТОК ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. 


Тағоймурод Эшзода