Хабарҳо
Китоб - ганҷинаи бебаҳо
Бо ибтикори садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо Раёсати корҳои тарбиявӣ, Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар робита ба баландбардории завқи китобхонии донишҷӯён, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», ба донишҷӯёни факултет, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳ иқомат доранд, китобҳои бадеӣ тақдим гардид.
Дар маросими тақдими китобҳои бадеӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Баҳодур Ҷурахонзода, декани факултет Давронҷон Хоҷазода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода ва доираи зиёди донишҷӯён иштирок доштанд.
Мақсади асосии баргузории иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, донишҷӯёнро дар рӯҳияи китобу китобхонӣ раҳнамун сохтан ва ба ин васила, дар зеҳни онҳо ташаккул додани худшиносию худогоҳӣ, меҳанпарастию эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллии ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Лозим ба қайд аст, ки садорати факултет бо баргузории чунин чорабиниҳо дар оянда дигар иқдомҳои наҷибро баҳри ташаккули завқи донишҷӯён ба китобхонӣ ба нақша гирифтааст.