Хабарҳо
Ҷаласае, ки ба мардуми тоҷик умед ва рӯҳу илҳоми тоза бахшид!
Мулоқот бо иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ
– Тайи як ҳафта мешавад, ки дар донишгоҳ ҷаласаҳои тантанавӣ бахшида ба Иҷлосияи тақдирсозу овозадори 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Дар ҷамъбасти ин чорабиниҳо, мо хостем бо ходимони намоёни ҷумҳурӣ, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни ин иҷлосия - собиқ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева ва арбоби давлатӣ, собиқ раиси ноҳияи Варзоб Абдулваҳҳоб Саидмуродов, ки дар он иҷлосия ба тарафдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, саҳми намоёни худро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ гузоштаанд, даъват намоем, - иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳакимбек Абдуалимзода зимни ҷаласаи васеи тантанавӣ зери унвони «Ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллӣ» ва меҳмононро ганҷинаҳои маърифат ва дурдонаҳои гаронбаҳо номид.
Ректор дар идомаи маърузаи хеш иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, даъвати дувоздаҳум 30 сол муқаддам ба таҳкими давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ саҳми беандоза бузург гузошт. Дастоварди беназири ин ҷамъомад интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ маҳсуб меёбад. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ дар нахустин суханронии пурэҳсосашон бо тарафдорӣ аз ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд, бозгардонии гурезаҳо ба Ватан, талош барои сулҳи ҳамешагӣ ибрози андеша намуданд.
Дар тақвияти суханони ректор арбоби давлатӣ Рафиқа Мӯсоева чунин афзуд: «Маҳз ҳамин рӯз - санаи 19-уми ноябри соли 1992 барои мо вакилон - иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва халқи тоҷик таърихӣ ва хотирмон буд. Зеро марди Худододе, ки тавонистанд ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшанд, марде, ки Ватанаш, миллаташ ва заминашро аз ҷонаш зиёд дӯст медоштанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардиданд. Мардум пас аз интихоби Раиси Шурои Олӣ умед ба оянда ва рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Номбурда дар идома иброз дошт, ки таърих барои ҳар халқу миллат чеҳраҳоеро дар марҳалаи гуногуни таърихӣ эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва рушди миллатро ба дӯш дошта бошанд. Барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти муътабар Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар идома иштирокчии дигари Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Абдулваҳҳоб Саидмуродов гуфт, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, ки барои миллати тоҷик солҳои пуршиддат, мудҳиш ва вазнин буд, гирдиҳамоиҳо сар зад. Тазоҳуротчиён авзои сиёсиро ҳар лаҳза дигаргун месохтанд ва қарорҳои ғайриконститутсионӣ ва зидди манфиатҳои миллӣ мебароварданд. Маҳз ин иҷлосия марҳила ба марҳила вазъи муташанниҷи ҷумҳуриро ба эътидол овард.
Дар музокира мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ профессор Фирӯзҷон Насриддинов баромад намуда, бо ёдоварӣ аз оғози соҳибистиқлолӣ ва ташаббусу тадбирҳои саривақтӣ ба шахсони аввал - иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвату вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни ДДМИТ изҳори сипос намуда, чунин хитоб кард: «Ташаккур, барои интихоби дурусти Роҳбари арзанда!»
Наврӯз Ҷобиров