Хабарҳо
Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 18-уми ноябри соли 2022 дар толори конфронсии донишгоҳ бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи “Рушди туризми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд, ки дар он муовини сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Азимов ширкат намуд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ, Фирӯз Қодиров ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад. Соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавият дошта, ба воситаи он нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро метавон боло бурд.
Баъдан, Амриддин Азимов дар мавзуи “Вазъи умумии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда иброз дошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар марҳилаи муосир аз рукнҳои ҷараёни ҳамгироии ҷаҳонӣ маҳсуб гардида, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад равобити судманди байни кишварҳоро таъмин намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Шаҳодати ин гуфтаҳо соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ” эълон намудани он ба шумор меравад,- гуфт дар интиҳои суханаш нотиқ.
Профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Ш.Ҷонмамадов дар мавзуи “Актуалное проблемы развития туризма в Республики Тадикистан”, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Н.Ақдодова, дар мавзуи “Особенности формирования и развития туризма в сельской местности Республики Таджикистан” ва ассистенти кафедраи гуманитарӣ М. Зарипов дар мавзуи “Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромадҳои пурмуҳтаво намуда, қайд намуданд, ки туризм 10%-и ММД-и ҷаҳон, 6,5%-и ҳаҷми умумии содироти ҷаҳонӣ ва 27%-и содироти ҷаҳонии хизматҳоро ташкил менамояд. Инчунин, оид ба ҷанбаҳои таърихии пайдоиши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаммоҳои рушд наёфтани туризм дар мамлакатро баррасӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистони офтобрӯяву кӯҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар музокира Д.Хоҷазода, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Қ.Муқимов, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва дигарон баромад намуда, баҳри пешрафти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақидаҳои ҷолиб баён намуданд.
Тағоймурод Эшзода