Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили «Зеҳн» дар мавзуи таҳкими фаъолияти гумруки Тоҷикистон

Маҳфили «Зеҳн» дар мавзуи таҳкими фаъолияти гумруки Тоҷикистон

Санаи 17-уми ноябри соли 2022 дар толори конфронсии ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили «Зеҳн» дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими фаъолияти гумруки Тоҷикистон» гузаронида шуд. 
Мавзуи мазкур, ки ба 30-солагии қабули Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. 
Дар маҳфил мутахассисон аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ даъват шуда буданд. Маҳфилро роҳбари он, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Қ.Муқимов кушода, доир ба қабули Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Мавсуф қайд намуд, ки Кодекси гумрук асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкили фаъолияти гумрукиро муайян намуда, дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудаанд.
 Сипас, Д. Соибов, майори хадамоти гумрук, муовини сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматикардашудаи ягонаи Хадамоти гумрук ба сухан баромад ва доир ба таърихи қабули аввалин Кодекси гумруки кишвар, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳӣ қабул гардида буд, инчунин, доир ба Нақши Пешвои миллат дар такмили фаъолияти гумрукӣ нутқ эрод кард. Ӯ, аз ҷумда, қайд намуд, ки тӯли 30 сол Хадамоти гумруки кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат ислоҳоти куллӣ дароварда, имрӯз ба системаи иттилоотии автоматонидашуда ноил гаштааст. Дар ин баробар, қайд намуд, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақсадҳои гумрукӣ татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи якхелаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти гумрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. 
Баъдан, А.Собирзода, майори хадамоти гумрук, сарнозири раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша барои тайёр намудани мутахассисони баландпоя таъкид менамоянд. Имрӯз вобаста ба самти соҳаи гумрук мутахассисон ба такмили ихтисоси сафарбаршуда, аз имкониятҳои пурсамари соҳаи гумрук даракдор шуда истодаанд. 
Дар интиҳо, меҳмонон қайд намуданд, ки мақомоти гумрук метавонад тибқи тартиби байни мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақоми давлатии бо ваколатдор мувофиқашуда, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва сирри қонунан ҳифзшаванда ва дигар маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ) маълумоти гирифтаашонро ба мақоми давлатии ваколатдор диҳанд, агар чунин маълумот барои ин мақомот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон гузошташуда зарур бошад. 
Пас аз анҷоми зермаҳфили «Зеҳн»-и факултет музокира ба миён омада, ба мутахассисони соҳа аз тарафи устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои хадамоти гумрук ва таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ саволу пешниҳодҳои муфид дода шуд. 


Ҳусейн Носирзода муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети МИБ