Хабарҳо
Робитаи муассиса бо волидайн тақвият меёбад
Санаи 19-уми ноябри соли равон маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ доир гардид, ки дар он Б. Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ва сардори раёсати тарбия А.Давлатзода ва волидайн ширкат варзиданд.
Сараввал декани факултет Д. Ҳочазода волидони донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба боргоҳи илму маърифат хайра мақдам гуфта. қайд намуд, ки фарзандонатон беҳтарин ихтисосҳо ва донишгоҳро интихоб намудаанд. Тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон - донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд гардад.
Б. Ҷурахонзода, ва А.Давлатзода бошанд, дар баромади худ дар доираи масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо истода гузашта, барои баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар макотиби олӣ масъулиятшиносии ҳаматарафа ва робитаи байни падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро зарур донист. Гуфта шуд, ки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад ва баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ саривақтӣ мебошад. Дар анҷом Д. Ҳоҷазода ба чандин нафар волидони донишҷӯёни фаъолу аълохон сипосномаҳо тақдим намуд.
Дар ҷавоб чанд нафар аз волидайни донишҷӯён баромад намуда, ба садорати факултет ва аҳли устодон миннатдорӣ баён намуданд.
Тағоймурод Эшзода