Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Терроризм ва экстремизм вабои аср

Терроризм ва экстремизм вабои аср

Санаи 19-уми ноябри соли равон бо иштироки ёрдамчии муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Атои Бахтиёр дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм вабои аср» чорабинии сиёсӣ баргузор гардид. Сараввал декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт С.Темурбекова суханронӣ намуда, гуфт, ки имрӯзҳо зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои мубрам маҳсуб меёбад. Терроризм чун вабои асри ХХI имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. 
Пасон А Бахтиёр ба сухан баромада, қайд намуд, ки ин мушкилотро мо танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа метавонем пешгирӣ намоем. Имрӯз терроризм ва экстремизм ба ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. 
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ А Муллоҷонов ва сардори раёсати тарбия А. Давлатзода ба музокира баромада, дар бораи решаҳои пайдоиши мазҳабҳои исломӣ ва ҷараёни террористӣ изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки дар замони муосир ҷавонон бояд ҳушёр ва зирак бошанд ва баҳри дур будан аз чунин ҷараёнҳои ифротӣ бештар барои ҷустуҷӯи илм кӯшиш намоянд. 
Иштироккунандагон аз ин чорабинии сиёсӣ як ҷаҳон таассурот бардоштанд. 


Шарифхон Гурезов, эдвайзер оид ба тарбия