Хабарҳо
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!
Зерин ҳамин унвон санаи 21-юми ноябри соли равон бахшида ба 30-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Декани факултет Давронҷон Хоҷазода дар баромади худ фарорасии ин санаи муҳимро ба кулли иштирокчиён муборакбод намуда, иброз дошт, ки Парчам ва оини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги ниёгонамон ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки 30 сол муқаддам бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии кишвари азизамон қабул гардид ва имрӯзҳо ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ парафшон мебошад.
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Асадулло Муллоҷонов дар мавзуи “Таърихи таҳаввулот ва ташаккули дирафш-парчами тоҷикон аз давраи қадим то имрӯз” баромад намуда, иброз дошт, ки аз давраҳои куҳантарин тоҷикон ба парчам ва оини парчамдорӣ арҷ мегузоштанд ва дар тӯли ҳазорсолаҳо ин оинро нигоҳ доштаанд. Парчам яке аз рамзҳои миллати мо ба шумор рафта, ифтихори ватандорӣ ва мероси бузургон аст. Парчами миллии мо ифодакунанда ва муаррифкунандаи давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Парчаму парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёр буда, он бахусус дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи хосса дорад ва қайд кард, ки парчами тоҷикон таърихи на камтар аз 4500-сола дорад.
Дар идомаи чорабинӣ аксияи тақдими Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва ба як қатор устодон, кормандон ва донишҷӯёни фаъоли факултет ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Чорабинии мазкур бо қироати шеър ва суруд дар васфи Парчами давлатӣ анҷом ёфт.
Тағоймурод Эшзода