Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аксияи бузургдошти Парчами давлатӣ

Аксияи бузургдошти Парчами давлатӣ

Имрӯз, 22-юми ноябри соли 2022 бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Пайравони Пешвои миллат» ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди донишгоҳ бо як рӯҳияи болида дар донишгоҳ аксияи таблиғотии нишони сарисинагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» (зиёда аз 200 дона) гузаронида шуд. Мақсади асосии гузаронидани аксияи таблиғотӣ ин, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ намудан ба яке аз муқаддасоти миллии кишварамон - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Иштирокчиёни ин иқдом ба устодону донишҷӯён нишони сарисинагии Парчами давлатиро тақдим намуда, дар бораи бузургии ин муқаддасоти миллӣ ва моҳияти бузургдошту эҳтироми он маълумот доданд. 
Ёдовар мешавем, ки имсол 30-солагии Рӯзи қабули Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр ботантана ҷашн гирифта мешавад.