Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нишона ва рамзи муқаддаси миллат

Нишона ва рамзи муқаддаси миллат

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Вобаста ба ин, санаи 22-юми ноябри соли 2022 ба ифтихори ин иди фархунда, изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» баргузор гардид. 
Сараввал дар барнома суруди «Парчами Коваён» садо дода, сипас, Б.Сатторзода, Қ.Ҳомидова ва С.Нуриддинов баромад намуда, донишҷӯёнро бо ин рӯзи муборак табрик намуданд. Гуфта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолу якпорчагӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи миллату халқиятҳои кишвар ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. 
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давладорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд. 
24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби рамзи давлатдории мустақил ва соҳибистиқлолӣ – Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат ин санаи муборак 24-уми ноябр - "Рӯзи Парчам"-и давлатӣ эълон шуда, мардуми мо ҳамасола ин ҷашни фархундаро дар саросари кишвар ҷашн мегиранд. 


Тағоймурод Эшзода