Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчам

Таҷлили Рӯзи Парчам

Санаи 22-юми ноябри соли 2022 бо ташаббуси муаллими калони кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ Сарвиноз Файзуллоева бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» маҳфили сиёсиву фарҳангии донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, гурӯҳи англисӣ баргузор гардид. 
Дар чорабинии мазкур намояндагони раёсати тарбия ва сардори шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълим А.Муллоҷонов ширкат варзиданд. 
Сароғоз маҳфили сиёсиву фарҳангии донишҷӯёнро декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Қ, Муқимов ҳусни оғоз бахшида, устодону донишҷӯён ва аҳли нишастро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуданд. 
Баъдан, бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби роҳбарияти факултет ба чанд нафар донишҷӯёни болаёқати факултет, аз ҷумла иштирокчиёни олимпиадаҳо, иштирокчиёни фаъоли барномаҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим гардид. 
Аҳли толор баромади донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, гурӯҳи англисиро тамошо карда, аз он ғизои маънавӣ гирифтанд. Намоиши фарҳангии донишҷӯён бори дигар собит кард, ки миллати тоҷик аз даврони қадим ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ эҳтироми баланд дошта, муқаддасоти давлатиро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд. Дар намоиши фарҳангӣ, ки саҳнаи «Коваи оҳангар» аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи А. Фирдавсӣ гузошта шуд, бори дигар далолат аз он менамояд, ки миллати тоҷик Парчами миллии худро ҳамчун рамзи сулҳ ва ободии кишвар, инчунин, озодии халқ эътироф мекунанд. 
Дар фарҷоми барнома Ҷ. Халифазода ба ташкилкунандагони чунин маҳфилҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ сипоси садорати донишгоҳ ва раёсати тарбияро расонида, бори дигар аҳли нишастро водор намуд, то дар кори сулҳу озодӣ ва ободии кишвар саҳмгузор бошанд. 


Тағоймурод Эшзода