Хабарҳо
Ҳамоиши бозгӯи эҳтиром ба Парчами давлатӣ
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам – рамзи истиқлоли давлат ва озодии миллат”, санаи 22-юми ноябри соли 2022 дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ чорабинӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро декани факултет А. Нурализода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфт ва қайд намуд, ки парчам дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дар фарҳанги давлатдориву сиёсатмадорӣ муқаддас шумурда мешавад, зеро он муаррифгари давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлоли мо мебошад.
Сипас О. Саидҷаъфаров, профессори кафедраи забони тоҷикӣ сухан карда, иброз дошт, ки 24-уми майи соли 2011 дар маркази пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар дунё ба рафъати 165 метр аз замин то боло, 60 метр дарозии матоъ ва 30 метр бари матоъ қомат афрохт. Санги асоси парчами мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми октябри соли 2010 гузошта шуда буд. Ҳангоми ифтитоҳи расмии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат парчами Куруши Кабир ва Коваи оҳангарро ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки фарҳанги парчамдории тоҷикон аз қавмҳои ориёӣ сарчашма мегирад. Ин суханҳои муҳтарам Пешво аз таваҷҷуҳи хоссаи он кас ба собиқаи парчамдории тоҷикон гувоҳӣ дода, икрому иззат ва меҳру муҳаббати эшонро нисбат ба таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон далолат менамоянд.
Дар фарҷоми суханронии худ О. Саидҷаъфаров як шеъри ба тозагӣ дар васфи Парчам эҷод намудаашро қироат намуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Дар ҳақиқат, Парчам – ин рамзи номус ва шаъну шарафи миллати сарбаланди тоҷик ва нишони сарфарозии ҳар шаҳрванди Ватани азизамон маҳсуб мешавад.
Тағоймурод Эшзода