Хабарҳо
Таҷлили ҷашни Парчами давлатӣ дар хобгоҳ
Шоми 22-юми ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявӣ ва хобгоҳи №2-и донишгоҳ чорабании фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони сохторҳои донишгоҳ ва донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳи №2 доир гардид. Чорабинии тантанавиро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Ҷурахонзода Б.Ҷ. ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки Парчами давлатӣ рамзи давлатдории мустақил буда, муттаҳидкунандаи сокинони кишвар мебошад. Миллати тоҷик аз замонҳои қадимтарин соҳибпарчам буд ва дар таърихи миллати мо парчам ё дирафш ҳамеша рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад. Номбурда оиди дар шароити мураккаб ва вазнини соли 1992 қабул ва тасдиқ шудани Парчами давлатӣ ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар аксари созмонҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистон парафшон буда, он рамзи мустақилияти ин давлатро нишон медиҳад. Дар фарҷоми суханронии худ Ҷурахонзода Б.Ҷ. аҳли толорро бо ин ҷашн табрик гуфта, ба ҳама муваффақияту сарбаландӣ таманно намуд.
Сипас дар шароити тантанавӣ парчамҳои давлатӣ ба толор ворид карда шуданд. Донишҷӯён дар бораи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат карда, саҳначаҳои тарбиявию ахлоқӣ ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, наворҳои видеоӣ дар бораи таърихи Парчами давлатӣ намоиш дода шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъоли истиқоматкунандагони хобгоҳҳои донишгоҳ дар шароити тантанавӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ баргузор гардид.
Фаридун Сафарзода