Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштирок дар озмун худ ғолибият аст

Иштирок дар озмун худ ғолибият аст

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 22 ноябри соли 2022 баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода оғоз намуда, изҳор дошт, ки донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар озмуни ҷумҳуриявиро баргузор менамояд. 
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ҷалби бештари донишҷӯён ба дарки моҳияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани беҳтарин донандагони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, дарёфт ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманд мебошад, гуфт ректор. 
Дар ҳақиқат, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ миёни донишҷӯён барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ, санҷидани донишу малакаи худ, пайдо намудани робитаи зич бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, мубодилаи таҷриба мусоидат менамояд. 
- Баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» бе сабаб нест. Зеро ҳуқуқи инсон асоси мавҷудияти инсон аст. Шахс вазифадор аст ҳуқуқҳои худро дар шакли дуруст, бидуни зарар ба ҷамъият ва давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони дигар амалӣ намояд. Маҳз ҳаётбахшии дониш мухимтарин принсипи тарбияи ҳуқуқӣ мебошад, - гуфт Абдуалимзода Ҳ. 
Озмуни мазкур аввалин чорабинии илмӣ дар мавзуи Конститутсия дар кишвар ба ҳисоб рафта, минбаъд низ ҳамасола баргузор хоҳад шуд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар озмун 30 иштирокчӣ - донишҷӯёни беҳтарин аз минтақаҳои Хатлону Суғд, Рашт ва шаҳри Душанбе аз 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар назди аъзоёни комиссияи салоҳиятнок дониши худро месанҷанд. 
Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъбаст мегардад. 


Тағоймурод Эшзода